ЧОРРОҲА ВА НАМУДҲОИ ОН
Чунонки шумо аз дарсҳои гузашта медонед, ҷойи ҳамдигарро бурида гузаштани роҳҳоро чорроҳа меноманд.
Чорроҳаҳо «+» монанд, «У» монанд ва «Т» монанд мешаванд.
Чунонки дар расми зерин мебинед, роҳҳо якдигарро дар як сатҳ мебуранд ва ин чорроҳаи чортарафа ё ҷамъмонанд аст. Дар чорроҳаи «Т» монанд ду роҳ бо ҳам ба шакли «Т» пайваст мешавад. Ин гуна чорроҳаро чорроҳаи сетарафа меноманд.
Дар чорроҳа аз ҳар тараф автомобилҳо бонавбат ҳаракат мекунанд. Он ҷойи аз ҳама хавфнок ба ҳисоб меравад. Дар чорроҳаи танзимшаванда ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон бо чароғи роҳнамо ё аз тарафи нозири роҳ танзим карда мешавад. Ронандагон ва пиёдагардон бояд дар чорроҳа хеле бодиққат бошанд ва мувофиқи ишораҳои чароғи роҳнамо ё нозири роҳ амал намоянд.
Бинобар ин, чорроҳаро танҳо аз гузаргоҳи пиёдагард ҳангоми фурўзон будани ранги сабзи чароғи роҳнамо гузаштан лозим аст!
Дар чорроҳаҳое, ки ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон бо чароғи роҳнамо танзим карда намешавад, пиёдагардон чӣ тавр бояд роҳро гузаранд? Пеш аз гузаштан дар канори гузаргоҳи пиёдагард истода, ба тарафи чап ва рост бояд нигарист. Интизор шавед, ки ҳамаи мошинҳои наздикомадаистода гузашта раванд.
Онгоҳ зуд-зуд қадам зада роҳро гузаштан лозим аст. Ҳаргиз роҳро давида гузаштан мумкин нест. Ҳамеша ҳангоми гузаштани қисми аввали роҳ нигаристан ба тарафи чап ва аз қисми дуюми роҳ нигаристан ба тарафи рости роҳро фаромўш накунед.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё