Зеҳн
Дунё·Дунё·15 рӯз пешНашрия

Равшандилӣ ва ростқавлӣ

«Равшандилӣ ва ростқавлӣ» танҳо сифатҳои зебо нестанд. Ин ду муҳаррики асосии эътимоданд.

Вақте роҳбар рост мегӯяд, вазъиятро пинҳон намекунад ва худро ҳамеша ҳақ намешуморад, кормандон ба ӯ на аз рӯи тарс, балки аз самими дил бовар мекунанд. Ростқавлӣ муҳите месозад, ки дар он ҳақиқат гуфта мешавад, зақиқат гул мекунад, ҳақиқат меваи ширин медиҳад. Вақте роҳбар дарахти ҳақиқат ва равшандилиро дар коршоҳ мешинонанд, мушкиливу дудилагиҳо зери сояи он пинҳон мемонад ва қарорҳо солим қабул мегарданд.

Роҳбари равшандил  аз меваи танқид тарс надорад, саволҳоро қабул мекунад ва иқрор мешавад, агар иштибоҳ кунад. Маҳз ҳамин ростқавлӣ дастаҳоро қавӣ, муносибатҳоро солим ва натиҷаҳоро устувор месозад.

Роҳбарӣ аз ростқавлӣ оғоз меёбад.

Чун эътимод, бузургтарин сармояи ҳар роҳбар аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.