РИВОЯТИ ШИШАИ ПУР
Рӯзе устод як шиша овард ва дохилашро бо сангҳои калон пур кард. Сипас аз шогирдон пурсид:
— Оё шиша пур аст?
Онҳо гуфтанд:
— Ҳа, пур аст.
Сипас устод рег гирифта, ба шиша рехт. Реги майда ба байни сангҳо даромад. Боз пурсид:
— Ҳоло чӣ?
Шогирдон гуфтанд:
— Акнун комилан пур шуд.
Баъд устод об рехт ва шиша боз обро қабул кард.
Устод гуфт:
— Ин шишаи ҳаёти шумост. Агар аввал чизҳои муҳимро (саломатӣ, оила, илм) нагузоред, баъд регу об (хирсу дунёву ҳавову ҳавас) тамоми ҳаётро пур мекунад ва барои муҳимҳо ҷой намемонад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё