РИВОЯТИ ОБУ ГИЛ
Шогирде аз устодаш пурсид:
— Устод, чӣ гуна одамони бадро нодида гирам?
Устод косаи обро овард ва як каф гил ба он андохт. Об лой шуд.
Сипас устод гуфт:
— Ҳоло ба коса даст назан, фақат мунтазир шав.
Баъд аз чанде гил ба поён нишаст ва об соф гардид.
Устод гуфт:
— Дар зиндагӣ ҳам баъзан беҳтар аст ба ҳар сухан ҷавоб надиҳӣ, балки хомӯш бошӣ — худи вақт ҳама чизро соф мекунад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё