Зеҳни сунъӣ
Дар Олмон миёни тақрибан 3 ҳазор ширкате, ки аз зеҳни сунъӣ истифода мебаранд, пурсиш гузаронида шуд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар Олмон метавонад боиси коҳиши маоши кормандони ҷавони камтаҷриба ва дорои сатҳи пасттари таҳсилот гардад.
Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иқтисодии Олмон миёни тақрибан 3 ҳазор ширкате, ки аз зеҳни сунъӣ истифода мебаранд, назарсанҷӣ анҷом додааст.
Тибқи натиҷаҳои пурсиш, 48,3 дарсади ширкатҳо бар ин назаранд, ки дар панҷ соли оянда маоши кормандони дорои таҷрибаи кории камтар аз панҷ сол ва бидуни маълумоти олӣ ё касбӣ дар натиҷаи ҷорӣ шудани зеҳни сунъӣ метавонад коҳиш ёбад. Танҳо 5,9 дарсади ширкатҳо интизор доранд, ки даромади ин гурӯҳи кормандон афзоиш меёбад.
Хатари бештар дар соҳаи хизматрасонӣ мушоҳида мешавад. Дар ин бахш 53,3 дарсади ширкатҳо бар ин назаранд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад боиси коҳиши маоши кормандони ҷавони камтаҷриба ва дорои сатҳи пасти тахассус гардад. Дар соҳаи савдои чакана ин нишондиҳанда 47,9 дарсад ва дар бахши истеҳсолот 46,5 дарсадро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳатто мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва таҷрибаи ками корӣ низ аз таъсири зеҳни сунъӣ пурра эмин нестанд. 50,8 дарсади ширкатҳои пурсидашуда интизоранд, ки маоши ин гурӯҳи кормандон низ метавонад коҳиш ёбад.
Аммо барои мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои маълумоти олӣ вазъият нисбатан мусбат арзёбӣ мешавад. Тақрибан 26 дарсади ширкатҳои иштироккунанда бар ин назаранд, ки зеҳни сунъӣ метавонад ба афзоиши даромади онҳо мусоидат кунад.
Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ ба гурӯҳҳои гуногуни кормандон дар бозори меҳнат таъсири яксон намерасонад. Аз ҳама бештар кормандони камтаҷриба ва дорои сатҳи пасттари тахассус метавонанд зери таъсири технологияҳои нав қарор гиранд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё