Зеҳн
Ахбор·Дунё·13 рӯз пешНашрия

Анҷумани дӯстӣ

Аё устод шогирд аз ту розӣ,

Зи иқболи баландат сарфарози .

Ниҳолони дабистонат гулафшон,

Кабӯтарбачаҳои ту парафшон.

Дар олам кошта тухми накӯӣ,

Ҳамеша растагориро биҷӯӣ.

Макони панду лоиқ бандаи ту,

Ба поят сар ниҳам арзандаи ту.

Гулу гулдастаҳо бошад нисорат

Худовандо ҳамеша бод ёрат

Баҳори умратон бодо гулафшон,

Дуогӯи шумо бошад дурахшон

Имрӯзҳо дар сартосари кишвари азизам ид аст иди омӯзгор.

Иди Шоирону нависандагон ва иди  тамоми аҳли қалам аст, чунки ҳама омӯзгоранду ҳама тарбиятгар.

Имрӯз дар ноҳияи Деҳнав  дар сарои Афсона бо ташаббӯси маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ноҳияи Деҳнав бахшида ба рӯзи устодон ва мураббиён  зери унвони "Анҷумани дӯстӣ" чорабинии бошукӯҳе баргузор гардид.

Дар чорабинӣ омӯзгорон, шоиру нависандагон, фаъолони марказҳои мухталиф, суханварон ва  ҳофизон иштирок доштанд.

Дар ин чорабинии хотирмон омӯзгороне, ки бо фаъолиятҳои назарраси худ саҳми арзандаи хешро дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, илму фарҳангу  миллат гузоштаанд бо лавҳи сипос ва нишони сарисинагӣ тақдиронида шуданд.

Фаъолияти бистсолаам дар роҳи таълим ва талошҳои пайвастаи  бандаро  ба инобат гирифта  маро низ бо ин тӯҳфаи арзанда  нишони Эҳтироми бузург мушарраф намуданд.

Ман ин лаҳзаҳои хотирмонро

Бо қалби лабрез аз эҳтиром ва шукри беандоза , ки бо нишони ифтихории Маркази мадании тоҷикон сарфароз гаштам, бо эҳсоси ифтихори бузург истиқбол менамоям.

Қадрдонии Шумо — ин танҳо як унвон нест, балки ин оинаест, ки дар он меҳнати солҳо, муҳаббат ба миллати хеш ва садоқат ба арзишҳои волои фарҳанги форсӣ инъикос ёфтааст.

Ин нишони муқаддас маро ба андеша водор мекунад, ки роҳи интихобкардаам роҳи дуруст аст — роҳи хидмат ба миллат, роҳи нигоҳбонӣ аз ганҷи фарҳанг, роҳи бедорсозии худшиносӣ ва ваҳдати миллист.

маркази  муҳтарами  тоҷикон  бо фаъолияти фарҳангӣ ва инсонпарваронаи хеш, қалбҳоро ба ҳам наздик ва рӯҳҳоро бо ифтихори миллӣ пурнур месозад. Мо ифтихор дорем, ки меҳнати мо дар назари чунин маркази бонуфуз арзишманд дониста шуд.

Аз самими дил ба Шумо ва кулли аъзои марказ барору муваффақият, дили гарму нияти пок ва тавоноии бештар дар роҳи хизмат ба миллати тоҷик орзумандам.

Бо иродаи ва самимияти бепоён

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.