МО – МУСОФИР
Бачаҳои азиз! Шумо борҳо дар кўчаву роҳҳои автомобилгард троллейбусу автобусҳои хурду калон ва гуногунро дидаед, ки мусофиронро ба манзил мебаранд. Чунин воситаҳои нақлиёт воситаҳои нақлиёти мусофирбар номида мешаванд. Онҳоро дар ҷойҳои махсус, истгоҳҳо, ки аз сатҳи роҳ каме баландтар ҷойгиранд ва барои мусофирон нисбатан ҷойи бехавфанд, интизор шудан лозим аст.
Дар сурати мавҷуд набудани истгоҳ нақлиёти мусофиркашро берун аз қисми мошингарди роҳ, канори роҳ интизор шудан лозим аст. Ҳаргиз дар рўйи роҳ, яъне қисми мошингарди роҳ истода, нақлиётро интизор шудан мумкин нест.
Мусофирон ба автобус ё троллейбус бояд бонавбат савор шаванд: аввал пирону калонсолон, занон, баъд наврасон. Занҳои кўдакдор бояд аз дари пеш савор шаванд. Дар даруни автобус ё троллейбус бозиву мағал кардан ё дасту сари худро аз тирезаҳои он берун баровардан мумкин нест. Ба пирону калонсолон ва занҳое, ки кўдаки хурдсол доранд, бояд ҷой диҳем.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё