Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·12 рӯз пешНашрия

УҲДАДОРИИ МУСОФИРОН

Дар асоси талаботи ҳаракат дар роҳ мусофирон уҳдадоранд, ки:

  • ба воситаи нақлиёт савор шудан ва аз он фуромаданро аз тарафи пиёдароҳа ё канори роҳ ва танҳо баъди пурра бозистодани воситаи нақлиёт анҷом диҳанд;
  • нақлиёти мусофиркашро танҳо дар истгоҳҳо ва дар ҳолати набудани онҳо нақлиётро берун аз қисми автомобилгарди роҳ, дар канори роҳ интизор шаванд;
  • аз тирезаҳои автобусҳо кашол нашаванд;
  • ба нақлиёти мусофиркаш, яъне автобусу троллейбусҳо аз дари қафо савор шуда, аз дари пеш фуроянд;
  • ҳангоми ҳаракат дари нақлиёти мусофиркашро худсарона накушоянд.
  • бачаҳо дар дохили автобусу троллейбус бояд боинтизом бошанд, ба пирону калонсолон роҳу ҷой диҳанд, бозиву мағал накунанд ва аз тирезаҳо дасту сарашонро берун набароранд.

Истгоҳҳо дар наздикии гузаргоҳҳои зеризаминӣ, пиёдагард ва чорроҳаҳо ҷойгиранд. Бинобар ин, аз нақлиёт фуромада, то чорроҳа ё гузаргоҳ рафта, роҳро танҳо аз он ҷо гузаштан лозим аст.

Баъди фуромадан аз нақлиёти мусофиркаш роҳро бояд аз гузаргоҳ ва дар ҳолати дар наздикӣ набудани гузаргоҳ аз тарафи қафои автомобил гузаранд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.