Инсони хуб
Шогирде аз устоди худ пурсид:
Лутфан ба ман бигӯед, ки чӣ гуна метавонам инсони хубро бишносам?
Устод ҷавоб дод:
Ту наметавонӣ аз рӯи суханони як шахс муайян кунӣ, ки ӯ инсони хуб аст ё не. Ҳатто аз рӯи зоҳири одамон низ ба чунин хулоса расидан мумкин нест.
Аммо метавонӣ аз муҳите, ки бо ҳузури он шахс ба вуҷуд меояд, ӯро бишносӣ. Зеро ҳеҷ кас наметавонад дар атрофи худ фазое эҷод кунад, ки бо рӯҳу ботини ӯ созгор набошад.
Яъне инсон ҳамеша он чиро, ки дар даруни худ дорад, ба атрофиён мунъакис мекунад.
Агар ҳузури касе ба дигарон оромиш, меҳрубонӣ ва эҳсоси нек бахшад, эҳтимол дар ботини ӯ низ ҳамин сифатҳо ҷой дошта бошанд.
Агар мехоҳӣ ҳузурат барои дигарон манбаи оромиш бошад, аввал бояд даруни худро ором гардонӣ. Зеро оромиши ҳақиқӣ аз ботини инсон оғоз меёбад ва сипас ба ҷаҳон атрофаш паҳн мешавад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё