МОШИНҲОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУС
Бачаҳои азиз! Ҳангоми сайругашт дар кўчаҳо мошинҳоеро, ки сигналҳои (бонги) овозӣ ва чароғҳои милтосии сурху сабз доранд ва бо суръати тез ҳаракат менамоянд, мушоҳида кардаед.
Ин автомобилҳо аз хадамоти оташнишонӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ ва милитсия мебошанд. Автомобили хадамоти оташнишонӣ ё сўхторхомўшкунӣ ранги сурх дорад, чунки ин ранг диққатҷалбкунанда мебошад.
Дар паҳлуи дарҳои кабинаи ин мошинҳо рақами «01» навишта шудааст, ки ин рақами телефони хадамоти оташнишонӣ мебошад.
Мақомоти корҳои дохила, яъне «милитсия» низ аз чунин автомобилҳои махсус истифода мебарад. Ранги ин автомобилҳо сафед ё зард буда, навиштаҷоти «милитсия» доранд.
Дар паҳлуи дарҳои кабинаи ин мошинҳо рақами «02» навишта шудааст. Дар болои онҳо чароғҳои милтосии рангашон сурху кабуд ва сабз васл шудааст.
Автомобилҳои хизматии Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) низ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсус дохил мешаванд.
Ин автомобилҳо ҳангоми ба ҷойи ҳодиса шитоб доштан, мушойиати корвони мошинҳои меҳмонони олиқадр ва қатори мошинҳое, ки одамонро мекашонанд аз сигналҳои овозии махсус ва чароғҳои милтосӣ истифода мебаранд.
Ба қатори автомобилҳои таъйиноти махсус автомобилҳои мақомоти тандурустӣ низ дохил мешаванд. Инҳо автомобилҳои «Ёрии таъҷилии тиббӣ» мебошанд, ки ранги сафед дошта, дар паҳлуҳояшон тасмаи сурх ва рақами «03» кашида шудааст.
Агар чунин автомобилҳо сигналҳои овозӣ ва чароғҳои милтосияшонро ба кор андохта бошанд, пиёдагардон ва ронандагони дигар воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки ба онҳо роҳ диҳанд, то ки онҳо ба ҷойи ҳодиса сари вақт расида тавонанд. Пиёдагардон бояд қисми автомобилгарди роҳро зуд озод намуда, ба канори роҳ ва ё роҳи пиёдагард бароянд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё