Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·9 рӯз пешНашрия

ҚОИДАВАЙРОНКУНИҲОЕ, КИ БОИСИ РУХ ДОДАНИ ФАЛОКАТ ДАР РОҲ МЕГАРДАНД

Бачаҳои азиз! Ҳодисае, ки бо иштироки ҳатто як воситаи нақлиёти дар ҳаракатбуда рух дода, боиси ҳалокат ё захмӣ шудани одамон, зарар дидани воситаҳои нақлиёт ва дигар иншоотҳо мегарданд, фалокати роҳу нақлиёт номида мешавад.

Чунин ҳодисаҳоро метавон фалокати роҳу нақлиёт номид:

– ба ҳам бархўрдани воситаҳои нақлиёт;

– пиёдагардро зер кардани воситаи нақлиёт;

– бархўрдан ба монеаҳои канори роҳ, яъне симчўб, нақлиёти дар роҳ истода ва ғайраҳо.

Фалокати роҳу нақлиёт ҳам бо айби ронандагон ва ҳам бо айби пиёдагардон метавонад ба амал ояд. Ронандагон ҳангоми бо суръати тез ҳаракат кардан, ба ронандаи дигар роҳ надодан, қоидаи гузаштан аз чорроҳаро риоя накардан, ҳангоми сурх будани чароғи роҳнамо гузаштан, дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ба фалокати роҳу нақлиёт дучор меоянд.

Фалокатҳои роҳу нақлиёт инчунин бо сабабҳои аз тарафи пиёдагардон вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ба амал меоянд.

Масалан, агар пиёдагард роҳро аз ҷойҳое, ки барои гузаштан манъ аст ё ҳангоми сурх будани чароғи роҳнамо гузарад яку якбора аз паси монеаҳо ба қисми мошингарди роҳ барояд, аз пеши мошини наздикомада давида гузарад. Инчунин ҳангоми дар қисмати автомобилгарди роҳ бозӣ кардани кўдакону наврасон рух додани фалокати роҳ аз эҳтимол дур нест.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.