Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·9 рӯз пешНашрия

НИГОҲ ДОШТАНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

Бачаҳои азиз! Барои чӣ автомобилро яку якбора боздошта намешавад? Барои он ки вазн ва суръати ҳаракати автомобил хеле зиёд аст.

Вақте ронанда хавфро ҳис менамояду мошинро боздоштанӣ мешавад, як муддати муайян мегузарад. Ин муддат хеле кўтоҳ бошад ҳам, ҳаёти инсонро ҳал мекунад.

Роҳе, ки автомобил ҳангоми монеаро дидани ронанда то ба пуррагӣ бозистодани он ҳаракат мекунад, изи тормоздиҳӣ меноманд. Дарозии он аз суръати мошин вобаста аст.

Масалан изи тормоздиҳӣ ҳангоми 40км/с 13,1 м-ро ташкил медиҳад. Бинобар ин, мошини ҳаракаткунандаро яку якбора дар ҷояш боздоштан номумкин аст. Агар шумо роҳи автомобилгардро ба тарафҳо нигоҳ накарда, алалхусус дар ҷойҳое, ки барои гузаштани пиёдагардон манъ аст, аз пеши автомобили 12-15м наздикомада гузаред, он гоҳ рух додани фалокат ногузир аст.

Ҳаргиз аз пеши автомобили наздикомада давида нагузаред, зеро ин хатарнок аст!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.