Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·5 рӯз пешНашрия

ҲАРАКАТИ ПИЁДАГАРДОН ДАР КЎЧАВУ РОҲҲОИ МОШИНГАРД ДАР ШАРОИТИ НОМУСОИДИИ ОБУ ҲАВО

Шароитҳои номусоидии обу ҳаво дараҷаи биниши ронандагон ва пиёдагардонро маҳдуд мегардонад. Масалан, ҳангоми фарорасии торикӣ ва боридани барфу борон шишаҳои пеши автомобилҳо хира шуда, ронандагон ашёи сари роҳро хуб дида ва дарк карда наметавонанд.

Беҳтар он аст, ки хонандагон дар ҷузвдон ва сару либоси худ тасмачаҳои нургардон часпонанд, чунки ҳангоми ба он расидани равшании чароғи автомобил ронанда огоҳ мешавад, ки дар роҳ монеае вуҷуд дорад.

Бачаҳои азиз! Ҳангоми фарорасии торикӣ ё номусоидии обу ҳаво дар ҷойҳои норавшани роҳ ба қисми автомобилгард набароед, чунки ронанда шуморо аз дурӣ дида ва дар ҳолати зарурӣ мошинро боздошта наметавонад. Дар вақти боридани барф дар роҳ ва шафати он бозӣ накунед, ҳаёти худро зери хатар нагузоред, зеро роҳ лағжонак мешавад ва сари вақт нигоҳ доштани мошин хеле мушкил ва ҳатто ғайриимкон мегардад. Бо ин коратон шумо ҳаёти худро зери хатар мегузоред.

1

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.