Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·2 рӯз пешНашрия

ДУМ БА ҲАЙВОНОТ БАРОИ ЧӢ ЛОЗИМ АСТ?

Саг ё гурбаро бе дум тасаввур кардан мушкил аст. Ба ҳайвонот дум барои чӣ лозим аст?

Баъзе ҳайвонот думро барои рондани пашаҳо истифода мебаранд. Говҳо, аспҳо дар фасли тобистон паша, хомӯшак ва магасҳоро бо думашон меронанд.

Аммо сагҳо бо думашон … «гап мезананд». Вақте ки саг соҳибашро пешвоз мегирад, вай думашро меликонад, яъне шодӣ мекунад. Агар думи саг камтар боло бардошта шуда бошад ва онро аз як тараф ба тарафи дигар ликонад, дониста бошед, ки вай мегӯяд: «Ман туро кордор нестам, ту низ ба ман кордор нашав, агар кордор шавӣ, аҳволат бад мешавад». Агар думи саг ба поён хам шуда бошад, ин маънои онро дорад, ки саг ба соҳибаш итоат мекунад ё аз ягон чиз метарсад.

Гург ва рӯбоҳ думашонро ҳамчун кӯрпа истифода мебаранд. Дар фасли зимистон онҳо дар барф чуқурие мекананд, дар он хоб рафта, бо думашон биниашонро мепӯшонанд, то хунук нахӯранд. Ба гургу рӯбоҳ дум ҳамчун чанбарак низ хизмат мекунад ва ҳангоми давидан барои ба зудӣ ба як тараф гаштан ёрӣ мерасонад. Санҷоб низ ба ҳамин мақсад думашро ҳангоми аз як дарахт ба дарахти дигар ҷаҳидан истифода мебарад.

Шумо медонистед, ки дум ба маймунҳо барои дарёфти ғизо ёрӣ мерасонад? Онҳо бо думашон ба шохаи дарахт часпида, сарашонро хам мекунанд ва бо дастонашон меваҳоро чида мехӯранд.

1

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.