ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!
Хиёнат манфуртарин амал аст ва хиёнаткор ба ҳеч ваҷҳ бахшиданӣ нест! Замон имрўз аз мо талаб мекунад, ки ҳар чи бештар ба ин масъала диққат диҳем. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки ҳама ҷо бонги изтироб аз хатари терроризму ифротгароӣ ба гўш мерасад, мубориза бо тахрибкорон зарурати бештар пайдо кардааст.
Ҳифзи Ватан амали ифтихорию пуршараф аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷумлаи муҳимтарин аснодест, ки даъвати ҷавононро ба сафи Артиши миллӣ ба танзим медарорад. Мутобиқи моддаи 7и қонуни мазкур дар ду даъват – баҳор ва тирамоҳ ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ фаро гирифта мешаванд. Ба назар мерасад, ки ҳисси ватандўстии ҷавонон сол то сол қавитар мешавад. Дар ин самт саҳми муассисаҳои таълимӣ ва кормандони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти маҳал хеле бузург аст.
Дар шаҳри Роғун лейтенанти калон Абдуқодир Раҳимов яке аз кормандони фаъоли комиссариати ҳарбӣ мебошад. Ин ҷавон маълумоти олии омўзгорӣ дошта, айни ҳол дар курси 3и Академияи идоракунии назди Президенти Тоҷикистон таҳсил мекунад. Чун хидмати ҳарбиро хуб ба анҷом расонид, ўро ба вазифаи сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таъйин карданд. Кордонӣ, муносибати хуб бо мардум ва масъулиятшиносияш ўро ба зудӣ миёни ҷомеа соҳибэҳтиром гардонданд. Ҳар куҷо чунин ҷавонон бошанд, ҳисси ватандўстии аҳли ҷомеа бештар мегардад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё