Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

ПИЁЛАИ ГУЛИ НОР

Як духтараки ҳушёр буд, номаки ӯ Гулнор буд. Ду рухсор гулобӣ, чашми шаҳлош нилобӣ, абрӯвонаш думи мор, кокулчаҳояш қатор. Вай як мурғ дошт. Мурғи зарди пӯпидор, чор чӯҷаи беқарор: яке Зардак, дигар Сафедак, сеюм Алояк, чорум Тилояк. Гулнор як бибӣ дошт. Бибиҷони меҳрубон.

Аз саҳар то шом нон мепухт, ҳалво мепухт, шӯрбо мепухт. Хонаро мерӯфт, сипас, биншаста дар айвонча, болояки кӯрпача кашидаи зебо медӯхт. Гулнораки меҳрубон тозон пеши Бибиҷон як чойники чой оварда мемонд. Гулнор як пиёла дошт, пиёлаи гули нор, аз модаркалонаш ёдгор.

Ӯ ҳамеша бо ҳамон чой менӯшид. Рӯзе Бибӣ касал шуд, ранги рӯяш бадал шуд.

Дар ҷогаҳ ором бихуфт, нону ҳалво напухт. Гулнораки меҳрубон аз ин ҳолат ғамгин шуд, чашми шаҳлош ҳазин шуд. Бибиҷон, чой биёрам? – пурсид Гулнор. Бибиҷонаш «не» бигуфт, «Мон, оромам деҳ» бигуфт. Кӯрпачаро ҳамвор кард, рӯяшро ба девор кард. Гулнор хонаро рӯфт, косаҳоро ҳам шуст.

Ҳамин вақт аз куҷое чор чӯҷа бо ғавғое пеши Гулнор омаданд. Сафедак «ку-ку» мегуфт. Зардак «дон-ку?» мегуфт. Алояку Тиллояк – ҳар ду баду балояк, даву давакон карданд, Гулнорро гирён карданд. Яке буд, ки Алояк болои миз баромад. Ҷаҳиду болаш афшонд. Гулнорро як қад паронд.

Аз дастаки Гулнорҷон пиёларо биафтонд. Пиёлаи гули нор, пиёлачаи ёдгор, рӯйи замин майда шуд, дили Гулнор ганда шуд. Акнун чӣ кор мекунад? Сафедак, ки калон буд, донои хоҳарон буд, Тилои ноқобилро, Алои гапногирро: «Фароед бар замин», – гуфт, бо нӯлакаш пучида: «Танбеҳатон ҳамин», гуфт.

– Ин ҷо ҷойи бозӣ не, гуфт Гулнор, – ҷойи давутозӣ не.

Зудтар берун бароед, дигар ин ҷо наоед! Бибиҷонам касаланд, беҳолу бемадоранд. Пораҳои пиёларо ғундошт, бар тоқи хона гузошт. Зардаку Сафедак, Алояку Тилояк аз корашон пушаймон, бигуфтанд зорикунон: – Моро бубахш, Гулнорҷон. Дигар ҳаргиз ба хона, ҳам даҳлезу ошхона, бе иҷозати Бибӣ, моён намедароем.

Болҳояшонро афшонданд, ҳар чорашон узр хостанд ва аз ошхона дур шуданд. Пас аз андак Бибиҷон хоҳиш кард аз Гулнорҷон, ки дар пиёлаи ёдгор, пиёлаи гули нор як пиёла чой диҳад. Гулнор ҳайрон бимонд, ки ба Бибӣ чӣ гӯяд, то ғамгинаш нанамояд.

Пиёлаи гули нор? – ҳайрон бипурсид Гулнор. – Аз модаратон ёдгор? … Имрӯз, ки чой нахӯрдед, бо шумо қаҳрӣ шудаст, қаҳриву ҷангӣ шудаст.

Бибиҷони меҳрубон бибӯсид рухи Гулнор, кокулакони қатор, рӯяки сурхи анор.
Баъд гуфт: – Гулнорҷони ширинам, духтари моҳҷабинам, касе дурӯғ бигӯяд, ростқавлиро наҷӯяд, дар як рӯзу дар як шаб, кашол шавад ӯро лаб.

Гулнорҷон беқарор шуд, чашмонаш шуълабор шуд. Хаёлаш шуд парешон, аз дурӯғаш пушаймон, бипурсид аз Бибиҷон:

-Бибиҷони меҳрубон, бинед, лабам кашол аст, гӯшам чу гӯши харгӯш дарозу холчадор аст? Биниам чу бинии баҳмут пачақ асту баднамуд? Пиёлаи гулчадор, пиёлаи гули норро ман шикастам. Илтимос, ҷанг накун.

Табассум карда, Бибӣ гуфт: -Ту духтараки хубӣ. Гапи роста, ки гуфтӣ, гӯшат чу гӯши харгӯш ҳаргиз дароз нашавад. Лаби маҳини базеб асло кашол нашавад.

Гулнор аз ҷояш биҷаст, паҳлуи Бибӣ биншаст. Оғӯш кард Бибиро шод, пас ба вай ваъда бидод:

– Вақте ки калон шудам, устои кордон шудам, худам барои шумо, месозам пиёлачаҳо, пиёлачаҳои бисёр, ҳар кадоме гули нор.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.