Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

ТУХМИ ГУЛ

Дар як замон, дар як макон подшоҳе мезист. Вай марди ҳакиме буд. Аммо аз тақдир фақат як гила дошт: фарзанд надошт. «Баъди сари ман кӣ подшоҳ мешуда бошад?» – гуфта пайваста меандешид.

Подшоҳ рӯзе ба худ гуфт, ки як ҷавони боақлу бофаросати мамлакаташро пайдо карда, таълиму тарбия дода, ба подшоҳӣ тайёр мекунад. Бо ҳамин ният эълон кард:

– Ҳар ки аз дарбор тухмӣ гирифта, гули хушрӯ сабзонад, оянда подшоҳ мешавад!

Аз дуру наздик бачаҳо омада, тухми гул гирифта, дар тубаку тубакчаҳо бо умед кишт карданд. Дар миёни онҳо Сон Ир ҳам буд. Сон Ир бисёр кӯшиш кард, ки барои подшоҳ гули хушрӯ сабзонад. Аммо даҳ рӯз гузашт, як моҳ гузашт, лекин гул нарӯид.

Дар ин байн подшоҳ талаб кард, ки ҳар бача гулу гулдонашро гирифта, ба дарбор биёяд. Саҳни қасри подшоҳ аз бачаҳои гуногунсолу гуногунлибос пур шуд. Ҳар кас дар даст гулдоне дошт ва дар гулдон гуле шукуфта буд.

Ниҳоят, подшоҳ намоён шуд. Вай аз миёни бачаҳо гузашта, ба назди Сон Ир омаду пурсид: Чаро гулдони ту холист?

-Сон Ир гуфт: Ман тухмиро коштам, аммо сабз нашуд.

Подшоҳ инро шунида, аз дасти Сон Ир гирифт ва хитоб кард:

–Ана, ин бача подшоҳи оянда аст!

Дигарон ҳайрон шуданд. Ҳатто яке гуфт:

– Чаро подшоҳ бачаеро писар хонд, ки гул сабзонда наметавонад?

Ин гап ба гӯши подшоҳ расид. Вай гуфт:

– Эй, мардум, тухму донаҳое, ки ба дасти шумо додаем, бирёншуда буданд.

Он гоҳ аз дасти бачаҳои дигар гулдонашон афтиду шикаст ва соҳибонашон аз шарм натавонистанд, ки сар боло кунанд…

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.