МАРДИ ХАСИС
Боре марди хасисе ба устои кулоҳдӯз як пӯсти гӯсфанд оварда, хоҳиш кард:
– Аз ин пӯст бароям кулоҳе бидӯз.
– Хеле хуб, гуфт кулоҳдӯз,
– медӯзам.
Он мард аз дукони кулоҳдӯз баромаду фикр кард: «Охир, ин пӯст калон аст. Шояд ду кулоҳ дӯхтан мумкин бошад?».
Боз ба назди кулоҳдӯз омаду гуфт:
– Усто, ту метавонӣ аз ин пӯст бароям дуто кулоҳ бидӯзӣ?
– Чаро надӯзам? Албатта, медӯзам! – гуфт кулоҳдӯз.
– Ин тавр бошад, дуто бидӯз, – гуфт он мард ва рафт.
Каме роҳ рафту фикр кард ва баргашту пурсид:
– Усто, аз ин пӯст сето кулоҳ дӯхта наметавонӣ? Чаро не? Сето ҳам медӯзам.
Марди хасис хурсанд шуду пурсид:
Чорто дӯхта метавонӣ?
– Чорто ҳам метавонам!
– Панҷто чӣ?
– Панҷто ҳам медӯзам!
– Шашто ҳам?
– Медӯзам!
– Ҳафтто ё беҳтараш ҳаштто метавонӣ?
– Чаро натавонам? Ҳаштто ҳам метавонам!
– Пас бароям ҳаштто кулоҳ бидӯз!
– Хеле хуб. Ҳаштто медӯзам. Баъди як ҳафта биё.
Марди хасис баъди як ҳафта ба назди кулоҳдӯз омад ва пурсид:
– Кулоҳҳои маро дӯхтӣ?
– Дӯхтам! – гуфт усто ва ба шогирдаш фармуд:
– Кулоҳҳоро биёр!
Шогирд рафту ҳаштто кулоҳ овард. Вале онҳо чунон хурд буданд, ки ба сари одам не, фақат ба себ пӯшонидан мумкин буд. Мард ҳайрон шуду пурсид:
– Чаро кулоҳҳо ин қадар хурданд?
– Худат фикр кун! – гуфт устои кулоҳдӯз.
Марди хасис ҳаштто кулоҳи хурдакакро гирифта рафт ва ҳамеша фикр мекард:
– Барои чӣ кулоҳҳо ин қадар хурд шуданд? Чаро?
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё