Зеҳн
Ахбор·Дунё·1 моҳ пешНашрия

Адабиёти форсӣ

Ҳенри Моссе дар донишгоҳи Сурбании Фаронса дар робита ба адабиёти форсӣ чунин гуфтааст:

Ман умрамро вақфи адабиёти форсӣ кардам ва барои ин, ки ба Шумо, устодон ва равшанфикрони чаҳон бишносонам, ки ин адабиёти аҷиб чист, чорае надорам ҷуз ин, ки ба муқоиса бипардозам ва бигӯям, ки адабиёти форсӣ бар чор сутуни аслӣ устувор аст:

Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлоно Ҷ.Балхӣ

Фирдавсӣ ҳамсанг ва ҳамтои Ҳумери юнонӣ аст ва бартар аз ӯ...

Саъдӣ Анатол Франси файласуфро ба ёди мо меорад ва донотар аз ӯ Ҳофиз ба Гётеи олмонӣ қобили қиёс аст, ки ӯ худро шогирди Ҳофиз ва зинда ба насиме, ки аз ҷаҳони ӯ ба машомаш расида, мешуморад...

Аммо, Мавлоно

Дар ҷаҳон хеч чеҳраеро наёфтам, ки битавонам Мавлоноро ба ӯ ташбеҳ кунам, ӯ ягона аст ва ягона боқӣ хоҳад монд. Ӯ фақат шоир нест, балки бештар ҷомеашинос аст ва бавижа равоншиносе комил, ки зоти башар ва Худовандро дақиқ мешиносад. Қадри ӯро бидонед ва ба василаи ӯ худро ва Худоро бишносед  ва ман агар то поёни умрам дигар ҳарфе назанам, ҳамин чанд ҷумла бароям кофӣ аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.