ПИСАРХОНД
Вақти дар курсии мансаб буданат касе, ки аз ҳама бештар пойи туро мебӯсад, ҳамин, ки аз курсии мансаб фаромадӣ, аввалин шуда туро тарк мекунад.
Ба чиқадар рост будани ин суханон ман худам иқрор шудам.
Дар корхонае, ки ман роҳбари он будам, яке аз ходимҳо маро бениҳоят эҳтиром мекард, Ҳар рӯз занг зада меистод, ҳар ҳафта ба наздам меомад.
Агар бемор шуда ба беморхона равам, ба "овора нашавед" гуфтанам нигоҳ накарда, аввалин шуда ба дидани ман меомад.
Ҳангоми таътил ба истироҳат равам, дар кадом гӯшаи Тоҷикистон набошам, расида мерафт ва то бо дасти худ як оши палов накунад хотирҷамъ намешуд.
Ин ҳама хуб аст, вале дар ҳар суханаш ба Худо савганд хӯрда мегуфт: "Шуморо падарам гуфтам, шумо падари манед".
Каме мансабам поёнтар шуду "писарам"-ро гум кардам.
Аз аҳволи ӯ пурсон шудам, маълум шуд, ки дар ҷустуҷӯи падари дигар будааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё