Қадри ҳар як лаҳзаи рӯзҳо
Шахсе гурусна буд ва наздаш карам овараданд. Ӯ бори аввал буд, ки карам медид.
Бо худ гуфт: Ҳатман мевае даруни ин баргҳо қарор дорад.
Аввалин баргро канд то ба мева расад, аммо боз барги дигаре падид омад ва зери он барг, барги дигаре.
Боз бо худ гуфт: Ҳатман меваи арзишмандест, ки даруни ин қадар баргҳо пинҳон аст.
Гуруснагиаш бештар шуд ва бо суръати бештар баргҳоро меканад ва канор мегузошт.
Вақте баргҳо тамом шуданд, мутаваҷҷеҳ шуд, ки мевае мавҷуд нест. Он гоҳ донист, ки карам, маҷмуае аз ҳамин баргҳост.
Мо низ рӯзҳои зиндагиро тунд - тунд варақ мезанем ва фикр мекунем, ки чизе аз пеш пинҳон шудааст, ки бояд зуд ба он бирасем, дарҳоле, ки ҳамин рӯзҳо, он чизе аст, ки бояд дарёбем ва аз он баҳра барем.
Зиндагӣ ҳамин рӯзҳое аст, ки мунтазири гузаштанаш ҳастем. Бинобар ин, қадри ҳар як лаҳзаи онро бидонем.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё