Ду бародар
Солҳо ду бародар бо ҳам дар мазраае, ки аз падар барояшон ба ирс расида буд, зиндагӣ мекарданд. Як рӯз ба хотири як мушкили кӯчаке бо ҳам каме ихтилоф пайдо карданд. Баъд аз чанд ҳафта сукут, ихтилофи онҳо зиёд шуду аз ҳам ҷудо шуданд. Як рӯз субҳ дари хонаи бародари калонӣ тақ-тақ шуд. Вақте дарро боз кард, марди наҷҷоре (усто, дуредгар)-ро дид.
Наҷҷор гуфт:
— Ман чанд рӯзест, ки дунболи кор мегардам, фикр кардам шумо корҳои майда-чуйдае дар хона ва мазраъа дошта бошед, оё имкон дорад, ки кумакатон кунам?
Бародари калонӣ ҷавоб дод:
-“Бале, иттифоқан ман як миқдор кор дорам. Ба он канал, ки дар васати мазраъа ҳаст нигоҳ кун, он ҳамсоя дар ҳақиқат бародари хурдии ман аст. Ӯ ҳафтаи гузашта чанд нафарро оварда байни замини ман ва худаш ин каналро сохт, то ба ин восита кинаеро, ки дар дилаш нисбати ман дорад ошкор намояд.”
Сипас ба анбор ишора карда гуфт:
— Ман дар анбор чӯбу тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ зиёд дорам, аз ту мехоҳам байни замини ману бародарам деворе бисозӣ, то дигар рӯи ӯро набинам.
Наҷҷор пазируфту шурӯъ кард ба андозагирӣ ва арра кардани чӯбу тахтаҳо. Бародари бузург ба наҷҷор гуфт:
— Ман барои харид ба шаҳр меравам, агар василае ниёз дошта бошӣ, бароят бихарам. Наҷҷор дар ҳоле, ки ба шиддат машғули кор буд, ҷавоб дод:
— На, чизе лозим надорам.
Ҳангоми ғуруб вақте бародари калонӣ ба мазраъа баргашт, аз тааҷҷуб наздик буд аз ҳуш равад. Ҳеҷ деворе дар байн набуд, наҷҷор ба ҷои девор як пуле рӯи канал сохта буд. Мард бо асабоният рӯ ба наҷҷор карду гуфт:
— Магар ман ба ту нагуфтам бароям деворе бисоз?
Дар ҳамин лаҳза бародари хурдӣ аз роҳ расиду бо дидани пул фикр кард, ки бародараш дастури сохтани онро дода аст, аз рӯи пул гузашту бародари калониашро дар оғӯш гирифт ва аз вай барои кандани канал ва иштибоҳаш узрхоҳӣ кард. Вақте бародари бузургтар баргашт, наҷҷорро дид, ки абзорҳояшро ҷамъ намуда қасди рафтан дорад. Ба назди ӯ рафту баъд аз ташаккурҳои зиёд аз вай хост чанд рӯзе меҳмони ӯ ва бародараш бошад.Наҷҷор гуфт:
— ДИЛАМ ХЕЛЕ МЕХОҲАД БИМОНАМ, ВАЛЕ ПУЛҲОИ ЗИЁДЕ ҲАСТ, КИ БОЯД ОНҲОРО БИСОЗАМ...
Бародарону хоҳарони азиз! Қазоват ба худи шумоён, оё мо ҳам метавонем дар зиндагӣ пулҳое бисозем ё на?
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё