Зеҳн
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

ҲАР КАС ОН ЧИРО ИНТИХОБ МЕКУНАД, КИ ХУД БА ОН НИЁЗ ДОРАД

Вақте Маҳатма Ганди дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳи Лондон таҳсил мекард, профессоре бо насаби Питерс ба ӯ чандон рӯихуш намедод. Ганди на аз онҳое буд, ки ӯро тарсонида шавад, ӯ ҳамеша метавонист ба осонӣ аз вазъи нобоб раҳоӣ ёбад.

       Боре профессор дар ошхонаи донишгоҳ ғизо мехӯрд ва Ганди аз назди ӯ гузашта рафтан нахоста низ дар пушти ҳамон миз нишаст. Питерс заҳрхандае карду гуфт:

       - Ҷаноби Ганди, шумо охир медонед, ки хук бо паранда якҷо ғизо хӯрда наметавонанд?

       - Дуруст аст, профессор. Ин тавр бошад, ман аз ин ҷо парида меравам, -- оромона посух дод Ганди ва ба паси дигар миз гузашта нишаст.

       Ин ғалабаи кӯчак омӯзгорро ошуфта кард. Дар имтиҳони навбатӣ ӯ хост интиқоми онро бигирад, вале Ганди ба ҳама суолҳо пурра посух медод. Оқибат профессор суоли иловагии баҳсбарангезе дод:

       - Тасаввур кунед, ки дар роҳе меравед ва халтаеро меёбед. Дар дохили халта ҳикмат ва пул ҳаст. Шумо кадоме аз онҳоро интихоб мекунед?

       - Пулро, - посух медиҳад Ганди.

       - Ман мебудам, ҳикматро интихоб мекардам, - худситоёна мегӯяд профессор.

       - Албатта, - сар ҷунбонда мегӯяд Ганди. - Ҳар кас он чиро интихоб мекунад, ки худ ба он ниёз дорад.

        Аз ин суханҳо Питерс батамом худро гум кард. Варақаи имтиҳонро санҷида зери  он танҳо як калима навишт: "Девона". Ва онро баргардонида ба донишҷӯ дод. Ганди бодиққат ба варақа нигарист ва сипас аз ҷо бархосту гуфт:

       - Профессор, шумо ин ҷо танҳо имзо гузоштеду баҳо гузоштанро фаромӯш кардаед!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.