Зеҳн
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

ЗАН ВА ЗАБОН

Зан ва забон — ҳар ду аз як нури илоҳӣ офарида шудаанд.

Яке рӯҳи зиндагиро бо меҳр гарм мекунад,

дигар садои он зиндагиро ба ҷаҳониён мерасонад.

Зан — рамзи сабр, вафо ва зебоист.

Ӯ офариниши Худост, ки дунёро бо нафаси муҳаббат меорояд.

Ҳар қадами ӯ дуоест, ки ба замин баракат меорад;

ҳар ашки пинҳонии ӯ гӯё покии ҷаҳонро мешӯяд.

Дарди зан ором аст, вале амиқ;

хандааш кӯтоҳ, вале самимӣ.

Ӯ ҳамеша ҷонҳоро ҷамъ мекунад, дар ҳоле, ки худ дар парокандагии рӯҳ сӯхтааст.

Ӯ оромиро дӯст медорад, на барои худ, балки барои онҳое, ки дӯсташ медоранд.

Забон бошад — рӯҳи миллат аст.

Он мисли шохаи бедор дар боғи таърих аст — ҳар қадар, ки шамол бивазад, боз решаашро амиқтар мекунад.

Дар ҳар ҳарфи тоҷикӣ садои Рӯдакӣ мерасад, нафаси Лоиқ ва орзуи Мирзо Турсунзода.

Забон танҳо воситаи гуфтор нест — он нақши дили миллат аст, меъёри ҳувият ва пули робитаи наслҳост.

Муаллимаи забон будан —

мисли шамъест, ки шабро равшан мекунад.

Шамъ месӯзад, вале ҷаҳонро нур медиҳад.

Ҳар хонандае, ки аз калимаҳои ту маънӣ меомӯзад,

гӯё як қатра рӯшноӣ аз дили ту мегирад.

Ин вазифа фақат таълим нест —

ин бедор кардани рӯҳ аст,

бедор кардани он қисмати инсонист,

ки ҳанӯз мехоҳад зебоӣ ва меҳрро бифаҳмад.

Бигзор зан ҳамеша бовафо ва нерӯи рӯҳонааш зиндагиро зебо кунад, забон ҳамеша зинда бошаду садои модарӣ дар дилҳо наво диҳад.

Зеро зан ва забон — ду оинаи нур ҳастанд:

яке рӯҳи зиндагиро равшан мекунад, дигар рӯҳи миллатро.

Миҷгона Махманасировна

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.