МУРҒИ МАРҶОН
Фасли баҳор омад. Мурғи марҷон панҷ дона тухм гузошт. Мехост, ки чӯҷа барорад, панҷ чӯҷаи зебояк.
Ба назди Мурғи марҷон Кабк омад.
Омаду гуфт:
— Мурғи марҷон, ту бисёр меҳру-бонӣ. Ду тухми маро ҳам гирифта, чӯҷа барор. Ман серкорам. Бояд суруд хо-нам, ба сайру тамошо биравам.
Мурғи Марҷон гуфт:
— Хуб шудаст.
Вай ду дона тухми Кабкро ба зери пару боли зебояш гирифт.
Сипас Мурғобӣ омад. Омаду гуфт:
— Мурғи марҷон! Ту бисёр ғамхорӣ.
Се тухми маро ҳам гирифта, чӯҷа ба-рор. Кори ман бисёр аст. Фасли баҳор омадааст. Бояд суруд хонам, ба сайру тамошо биравам.
Мурғи марҷон гуфт:
— Хуб шудааст, Мурғобиҷон.
Вай се дона тухми Мурғобиро ҳам ба зери пару болаш гирифт.
Баъд Ғоз омад. Омаду гуфт:
— Мурғи марҷон. Ту бисёр меҳрубонӣ. Чор тухми маро ҳам гирифта чӯҷа барор. Ман хеле серкор мебошам.
Фасли баҳор омадааст. Бояд суруд хонам, ба сайру тамошо биравам.
Мурғи марҷон гуфт:
— Хуб шудаст, Ғози азиз.
Вай чор дона тухми Ғозро ҳам ба зери пару болаш гирифт.
Чанд рӯз гузашт. Як пагоҳӣ аз зери пару боли Мурғи марҷон ду чӯҷаи Кабк, се чӯҷаи Мурғобӣ, чор чӯҷаи Ғоз ва панҷ чӯҷаи худаш баромаданд.
Мурғи марҷон хурсанд шуд. Хурсанд шуда, пару бол афшонд.
Чанд рӯз гузашт.
Мурғи марҷон чӯҷаҳоро ба доначинию тамошо бурд.
Аз куҷое Кабк расида омад.
— Оҳ, чӣ чӯҷаҳои зебо! — гуфт вай.
— Ман омадам, ки чӯҷаҳоямро гирифта барам.
Баъд аз куҷое Мурғобӣ пайдо шуд.
— Оҳ, чӣ чӯҷаҳои зебо! — гуфт вай.
— Ман омадам, ки чӯҷаҳоямро гирифта барам.
Ногоҳ Ғоз пайдо шуд.
— Оҳ, чӣ чӯҷаҳои зебо! — гуфт вай.
— Ман омадам, ки чӯҷаҳоямро гирифта барам.
Мурғи марҷон ба Кабку Мурғобию Ғоз гуфт:
— Марҳамат. Чӯҷаҳоятонро гирифта баред.
Аммо ягон чӯҷа аз паси Кабку Мурғобӣ нарафт. Ягон чӯҷа ба Ғоз эътибор ҳам надод. Балки чӯҷаҳо аз онҳо тарсида, зери пару боли мурғи марҷон пинҳон шуданд.
— Очаи мо ҳамин Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд ду чӯҷаи Кабк.
— О чаи мо ҳам Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд се чӯҷаи Мурғобӣ.
— Очаи мо ҳам Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд чор чӯҷаи Ғоз.
— Очаи мо Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд панҷ чӯҷаи худаш.
Баъд чӯҷаҳо аз зери пари Мурғи марҷон сар бароварда баробар гуф-танд:
— Очаи мо ҳамонест, ки моро аз тухм баровардааст.
Кабку Мурғобию Ғоз ноумед шуда рафтанд. Рафтанд, ки аз нав тухм гузошта, худашон чӯҷа бароранд ва соҳиби ҷӯҷа шаванд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё