Зеҳн
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

САХОВАТИ АҶИБ

– Бубахшед, бародар, аз роҳ мегузаштам, дар кӯча ин гов меистод, магар аз шумо нест? – гуфт марде, ки дар бар либоси тозаю озода пӯшида буд ва ресмони говеро дар даст дошт.

– Не, мо гов надорем, – ҷавоб дод марди камбағале, ки ҳамеша ба доштаи худ бо шукргузорӣ зиндагӣ мекард.

– Ман ба маҷлис хеле шитоб дорам. Ин гов то омадани соҳибаш ба хонаи шумо истад. Агар соҳибаш ҷустуҷӯ карда ояд, ба ӯ медиҳед. Нагузоред, ки ба ягонҷо рафта монад то ки соҳибаш ҷустуҷӯ карда овора нашавад, – гуфт он мард.

– Хуб, ака, майлаш. Агар соҳибаш биёяд, номи шуморо мегӯям. Инсони хеле хубе будаед, – гуфт марди камбағал.

– Майлаш, номи маро гӯед. Агар касе пурсида наояд, худам говро гирифта мебарам, гӯён хандид он шахс.

– Хуб, ака…

«Агар дӯсти падараш  ба ӯ амак бошад, якто гов ҳадя кунад ҳам иҷрои ҳаққи дӯстиву ҳам саховат мешавад-да», – андешид марди фақир. «Боз роҳҳои саховатро ҷӯё шуда ёбад мешавад ку» аз фикр гузаронд ӯ.

Субҳи рӯзи дигар, марде, ки бо шукргузорӣ зиндагӣ мекард, дар назди дарвозааш як коғазеро ёфт. Дар он навишта шуда буд:

«Гове, ки дирӯз ресмони онро ба шумо супорида будам, аз они худатон будааст. Ин тӯҳфаи Парвардигор ба шумост, ки боз соҳибаш ҷустуҷӯ карда меояд гӯён мунтазир нашавед. Гов муборак бошад, дӯстам!»

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.