РАҲМАТ АЛИФБО!
Ақлу тамизи ман туӣ,
Дӯсти азизи ман туӣ.
Дар хонаю мактаб мудом
Болои мизи ман туӣ.
Бо ҷӯраҳо дар синфи як,
Ҳарфи туро ман як ба як
Ҳар рӯз мехонам равон,
Ҳастам агарчӣ хурдакак.
Ҳар ҷо равам, бошӣ ба ман,
Ҳамроҳи ман созӣ сухан.
Раҳмат ба ту, аввал ба мо
Додӣ сабақ аз илму фан.
КИТОБ
Бар ман сабақ додӣ китоб,
Гул дар табақ додӣ китоб,
Ту орзуҳои маро
Аз ҳар варақ додӣ китоб.
Ту ҳамдами сози манӣ,
Ду боли парвози манӣ.
Дар хонаву дар мактабам
Ҳамроҳу ҳамрози манӣ.
Ман мисли ҷон дорам туро,
Рӯҳу равон донам туро.
Бар ман, ки мебахшӣ сурур,
Пайваста мехонам туро.
МУАЛЛИМИ МО
Панди туро мо
Гирифта бар гӯш,
Намекунемаш
Асло фаромӯш.
Муаллими мо,
Муаллими мо.
Додӣ сабақҳо
Аз меҳрубонӣ,
Дар ҷабҳаи кор
Ҳам зиндагонӣ.
Муаллими мо,
Муаллими мо.
Муҳаббати мо
Бар ту калон аст,
Ҳурмати номат
Бар мисли нон аст,
Муаллими мо,
Муаллими мо.
Соҳиби дониш
Бинмудӣ моро,
Бахшидӣ бар дил
Файзу сафоро,
Муаллими мо,
Муаллими мо.
Сарсабзии мо
Аз меҳнати туст,
Чун модари худ
Дорем мо дӯст.
БА МУАЛЛИМ
Муаллими меҳрубон,
Меҳратон дар дилу ҷон,
Шафқату меҳру эҳсон,
Мо аз Шумо омӯхтем.
Хурду калонро мудом
Менамоем эҳтиром,
Маънии лутфу калом
Мо аз Шумо омӯхтем.
Навиштану хонданро,
Таронаи Ватанро,
Ба вай содиқ буданро
Мо аз Шумо омӯхтем.
Аксатон пеши назар,
Бошад мудом ҷилвагар,
Ҳурмати насли башар
Мо аз Шумо омӯхтем.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё