МУРАББИИ МО
Мунису ғамхор
Монанди модар,
Кунад истиқбол
Моро ҳар саҳар –
Мураббии мо,
Мураббии мо.
Хурсандем аз ӯ,
Бар мост доим,
Аз кору одоб
Медиҳад таълим –
Мураббии мо,
Мураббии мо.
Ҳамдаму ҳамроз,
Вай одами хуб.
Наздик ба дилҳо
Бисёр маҳбуб –
Мураббии мо,
Мураббии мо.
МУРАББӢ-ХОЛА
Чун модари меҳрубон,
Дорад меҳри фурӯзон,
Маҳбуби хурду калон –
Мураббӣ-холаи мо,
Мураббӣ-холаи мо!
Сухани ӯ ширин аст,
Қанду асал барин аст.
Ба дидаҳо қарин аст –
Мураббӣ-холаи мо,
Мураббӣ-холаи мо!
Ба холаи меҳрубон
Муҳаббати мо калон,
Азиз баробари ҷон –
Мураббӣ-холаи мо,
Мураббӣ-холаи мо!
Мунису ғамхор аст,
Мекунад кори накӯ.
Ифтихори Ману ту –
Мураббӣ-холаи мо,
Мураббӣ-холаи мо!
МОМОҶОНИ МО
Момоҷони ширинам,
Қанду набот баринам,
Шумо ба мо ягона,
Нури чароғи хона.
Шодии рӯзгоред,
Пешравии коред,
Момоҷони хушрӯям,
Момои нуқрамӯям.
Шумо кони афсона,
Кони байту тарона,
Дар зери паҳлӯятон
Болин монам, момоҷон.
Шумо афсона гӯед,
Шеъру тарона гӯед.
Ман онҳоро аз як сар
Менависам ба дафтар.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё