БА НОМИ ОЧАҶОНАМ
Очаҷони ҷони ман,
Хуршеди тобони ман,
Меҳри Шумо доимо
Дар дили ҷӯшони ман.
Очаи меҳрубонам,
Азизтаред аз ҷонам.
Ҳаёти ширинамро
Ман аз Шумо медонам.
Барои зеби диёр
Месозам боғи бисёр.
Қад-қади роҳи калон
Мешинонам ман чинор.
Ҳар ниҳоле шинонам,
Ҳар гулеро сабзонам,
Ман аз рӯи эҳтиром
Ба номатон мемонам.
ДАСТЁР
Дастёри очам
Манам дар хона.
Ёрӣ диҳамаш
Ман бебаҳона.
Хамир мекунам
Очаам барин,
Худам мепазам
Нонаки ширин.
Онро аз танӯр
Меканам тафсон.
Рӯякаш суп-сурх,
Зеби дастархон.
Канӣ, шиканед
Нонаки маро,
Марҳамат кунед,
Орад иштиҳо!
НОН МЕПАЗАМ
Нон мепазам,
Нон мепазам,
Нони фаровон мепазам.
Ҳар кас хӯрад нони танӯр,
Афзоядаш дармону зӯр.
Нони мулоим фаллакор,
Болаззат асту хушгувор.
Нонам ҳама бомазза аст,
Нонам ҳама боҷазза аст.
Аз таъми чаппотии ман
Ёбад ҳаловатҳо даҳан.
Нон мепазам,
Нон мепазам,
Ман роҳати ҷон мепазам.
Нонро ба дастурхон ниҳам,
Дар пеши меҳмонон ниҳам.
Аз меҳнати дастони ман,
Лаззат барад меҳмони ман.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё