Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

МАЙДОН

Аз деҳи мо болотар,

Дар домани ҳалқаҷар.

Як майдони калон ҳаст,

Ҳамвор чун кафи даст.

Бофта барояш баҳор,

Қолӣ аз нақшу нигор.

Тирукамон барояд,

Хушрӯй менамояд.

Мухлиси футбол бошӣ,

Дар ҳаваси гол бошӣ,

Аз дари тирукамон,

Бо пайраҳаи калон,

Биё, биё, марҳамат,

Ба пеши мо, марҳамат!

СЕБИСТОН

Аз кӯҳи Шар-шар

Намоӣ гузар,

Ба деҳаи мо

Марҳамат намо.

Деҳи Себистон,

Деҳаи калон.

Мардуми мо шод,

Аз паи эҷод.

Мо дар шитобем,

Туннел мекобем.

Аз дарёи Вахш,

Дарёи ҷонбахш,

Об биёрем,

Пахта мекорем.

Дашти Данғара

Фардо яксара

Обшор шавад,

Пахтазор шавад.

ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Шаҳри Душанбе –

Шаҳри ҷавонӣ.

Cарсабзу хуррам,

Чун зиндагонӣ.

Гулгаштҳоят

Бисёр дилкаш,

Чун боғу бӯстон

Сабзу мунаққаш.

Нав-нав биноҳо

Гардида барпо,

Сар сӯи афлок

Бар дидаи мо.

Дар рӯи дарё

Дорӣ ту шаҳпул,

Дар ҳар сари пул

Як хирмани гул.

Бахшад ҳаловат

Гулбоғу гулшан,

Салқин ҳамеша

Аз оби фантан.

Кунҷу канорат

Гардида зебо,

Аз тори теппа

Кардам тамошо.

Нашъунамо кун,

Эй шаҳри хубон,

Ту ифтихорӣ

Бар Тоҷикистон.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.