Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

ДУШАНБЕ

Ҳастӣ, Душанбе, чун баҳор,

Шаҳри базеби беғубор.

Аз меҳнату аз кори ту,

Дорам ҳамеша ифтихор.

Шаҳри ҷавони тоҷикон,

Гулбоғи сабзи бехазон.

Ҳусни ту мафтун мекунад

Қалби маро дар ҳар замон.

Хурам гулу гулзори ту,

Хуррам дару девори ту,

Ҳар як ниҳоли сабзи боғ,

Ҳам кӯчаву бозори ту.

Аз ҳар тарф андар нумӯ.

Барқад иморатҳои ту.

Сар сӯйи афлок устувор,

Доранд аҷоиб як шукӯҳ.

Эй гӯшаи боғи Ватан,

Сарсабзи кун мисли чаман.

Чун гул шукуфон мешавӣ,

Аз қудрати бозуи ман.

МО БИНОКОРЕМ

Мо бинокорем,

Дасти мо ҳунар.

Миёнро бастем

Созу маҳкамтар.

Теппаю талро

Кардем ҳамвор,

Бар шаҳр мондем

Яке подевор…

Қад-қади кӯча

Бино месозем,

Бинои худро

Зебо месозем.

Лаб- лаби ҷӯча

Шамшоди қатор,

Ду бари он кӯл

Пур-пури чинор.

Бинои мактаб

Аз ҳама баланд,

Намояд аз дур

Басо дилписанд.

Як тараф клуб,

Ҷои тамошо,

Ҷои дамгирӣ

Боғи нави мо.

Мо бинокорем,

Мо сарфарозем,

Дар деҳи Роғун

Шаҳр месозем.

ДАР РОҒУН

Дар домани кӯҳ

Бо дастони мо,

Биноҳои нав

Гардида барпо.

Баланду дилкаш,

Сар сӯи осмон,

Панҷу шаш қабат,

Ҳар кадоми он.

Кранҳои зӯр

Аз дур метобанд,

Ҷои дарғотро

Онҳо мекобанд.

Кор андар Роғун

Ҳоло меҷӯшад,

Фардо ба олам

Вай нур пошад.

АЗ НОРАК БА РОҒУН

Ман киштибонам,

Киштӣ меронам,

Аз шаҳри Норак,

Бо баҳри Норак,

Меравам акнун

То шаҳри Роғун.

Дар Нораки мо

Ҳар гуна усто –

Харроту гилкор,

Кӯҳкану монтёр,

Бисёр ҳастанд,

Корашон писанд.

Усто мебарам,

Меорам усто,

То шаҳри Роғун

Бо раҳи дарё.

Ман киштибонам,

Киштӣ меронам.

Бор ба Роғун

Ман мекашонам.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.