Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

МУСИЧАИ ЛАНГ

Мусичаи рӯи санг,

Нишастаӣ поят ланг,

Ҷону танат ба дард аст,

Туро кӣ маҷрӯҳ кардаст?

Аз гурба озор дидӣ?

Ё ки аз мор тарсидӣ?

Биё, назди тиреза,

Ба ту диҳам нонреза

Бар поят дору молам,

Асали ору молам.

БО ДАҲОНИ БОЗАШ

Дорад акоям Ҳабиб,

Як мошини аҷоиб.

Мошини гардандароз,

Гарданаш тири ҷувоз.

Вай бо даҳони бозаш,

Бо гардани дарозаш.

Бо дандони фӯлодин,

Доим мекобад замин.

Нишаст акоям ба он,

Кофт ҷӯбори калон.

Тайёр кардем мо сарбанд,

Дар бари кӯҳи баланд.

Оби фаровон омад,

Аз Кофарниҳон омад.

Дар заминҳои обшор,

Мо мекунем киштукор.

АНОРИ ДОНА-ДОНА

( Бо оҳанги халқӣ )

Як дона гул, ду дона ,

Анори дона-дона,

Мо омадем ба мактаб,

Танбал ҳанӯз дар хона.

Як дона гул, ду дона ,

Анори дона-дона,

Бар саволи муаллим,

Вай мехонад афсона.

Дар боғи мо шафтолу

Биҳиву себу олу.

Мо мегирем панҷу чор,

Танбал фақат яку ду.

Дорад дар ҷайбаш ланка,

Аз пӯстаку аз танга,

Ҳушу гӯшаш дар берун,

Пояд овози занга.

Об омаду об омад,

Об дар печу тоб омад.

Аз танбал ин пагоҳӣ

Ин гуна ҷавоб омад:

Як дона гул, ду дона ,

Анори дона-дона,

Мехонам аз таҳи дил

Ман имсол бебаҳона.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.