ХӮСА
Майнаамро об кардам,
Ман як кори боб кардам,
Аз телпаки додарам,
Аз камзӯли хоҳарам,
Аз асои бобоям,
Аз фӯтаи додоям
Сохтам аҷоиб хӯса
Монанди мири кӯса.
Бурда ниҳодам онро
Дар байни боғи боло.
Гунҷишк аз он хӯсидаст,
Зоғи сиёҳ тарсидаст.
Дигар майнаи бало
Намеояд боғи мо.
Калхот хӯсаро дидаст,
Аз шохи бед паридаст.
Лек омад аз куҷое
Мусичаи доное,
Дар тори телпаки он
Ниҳодааст ошён!
МАН БАЧАИ КАЛОНАМ
Додом мошинча овард,
Маро ба он савор кард.
Мошинчаро давондам,
Кучукчаро тарсондам.
Кучукчаи ҳалқадум
Ба мошинча кард ҳуҷум.
Аз мошинча афтидам,
Ба ҳоли худ хандидам.
Гирёнчак не, хандонам,
Ман бачаи калонам.
НАВОЗИШ
Назокати шашсола
Монанди барги лола.
Духтараки доноӣ,
Ба дилу дида ҷойӣ.
Ҳамдами момо туӣ,
Ҳамдами бобо туӣ.
Эркаи додо туӣ,
Гули дасти мо туӣ.
Меравад очат ба кор,
Меравад отат ба кор.
То омадани онҳо
Мерӯбӣ хонаҳоро.
Назокати донояк,
Донои хонапояк.
Бозичаҳоят бисёр,
Яку дуву севу чор..
Дар бехи фаршу девор
Онҳоро карда қатор
Назокати хушгуфтор,
Очат биёяд аз кор.
Оғӯши худро бикшо,
Ба пешвози ӯ баро,
Очат туро бӯ кунад,
Отат туро бӯ кунад.
Бӯяки ту гул барин,
Накҳати сунбул барин.
КИРМАК
Модари ман аз колхоз,
Як қуттӣ кирмак овад.
Додоҷонам дар хона,
Даррав сукичаҳо кард.
Кирмакҳои хурдакак,
Аввал буданд мисли мӯ.
Меҷунбиданд беқарор,
Бардошта сар аз ҳар сӯ.
Бо мошинча аз майдон,
Ман кашондам барги тут.
Бо қайчӣ реза кардам,
Додам ба онҳо зуд-зуд.
Кирмакҳо калон шуданд,
Омад кард меҳнати мо.
Даста мондем саросар,
Пила таниданд онҳо.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё