Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

ДАНДОНБАРОРОН

Додари ман,ҷони ман,

Шодии даврони ман,

Соҳиби дандон шудаст,

Баччаи хандон шудаст.

Дандонаш марҷон барин,

Биринҷи афғон барин…

Оча, ба мо қурут деҳ,

Оча, ба мо нахӯд деҳ.

Биринҷу равған бидеҳ.

Cабзиву шалғам бидеҳ.

Қурута дандон кунем,

Нахӯда бирён кунем.

Палави гардон кунем,

Дандонбаророн кунем.

МАРҲАБО

Марҳабои хушрӯяк,

Марҳабои дилҷӯяк.

Духтараки чаққон аст,

Дар мактаб аълохон аст.

Дар синфи ду мехонад,

Шеъри бисёр медонад.

Ҳама таронаҳоро,

Байту афсонаҳоро

Хонда намудаст азбар,

Аз бобои Миршакар.

Аз Убайду Диёрӣ,

Гулчеҳраву Баҳорӣ

Чун апаи Гулрафтор

Шеър хонад бо дутор.

Марҳабои хушрӯяк,

Байту таронагӯяк,

Гулҳои чаман дорад,

Бахти туву ман дорад,

Фардои Ватан дорад.

АФСОНА ВА ҲАҚИҚАТ

Парвоз як замоне

Орзуи одамон буд,

Нишаста мепариданд,

Рӯи гилеми кабуд.

Алоуддини сеҳргар,

Бо сеҳри чароғи худ

Дар як нафас гӯиё

Қалъа барпо менамуд.

Бинокорони Роғун

Шаҳри калон месозанд,

ГЭС-у дарғоти баланд,

Баҳри калон месозанд.

Ҷаҳоннамо оина

Дар куҷое буд, набуд,

Ба ҳар касе, ки хоҳад,

Хоса сӯҳбат менамуд.

Вале ягон кас онро

Надид то замони мо.

Радиотелескопе

Кард олиме ихтиро.

Одам бо меҳнати худ

Орзуяшро кард ифшо,

Хоҳӣ рӯи ҷаҳонро

Диҳад ба ту тамошо.

Нарафта асло аз ёд

Моҷарои «Навобод»,

Барои як қатра об

Буд ҷангу доду фарёд.

Насосҳои Пастакон

Ба қубурҳои обкаш

Аз Ёвон то Уялӣ

Об медиҳад бебаркаш.

Эраҷи тилисмшикан

Хаёлӣ паҳлавон буд,

Бо як ишораи ӯ

Кӯҳи азим талқон буд.

Ҳоло Эраҷ акоям

Дар туннели Данғара,

Синаи кӯҳро кофта,

Ба саҳро об мебарад.

Даври мо даври меҳнат,

Давраи эҷодкорист.

Аз кафи дастони мо

Орзуи одам ҷорист.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.