Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

ГАНДУМ ВА ТАКТАК

Як тактаки ришдароз

Гуфто ба ишваю ноз:

–Ман донаи хушрӯям,

Накорида мерӯям.

Дар чӯлу дар биёбон

Ҳосили ман фаровон.

Кӯмочи мардон манам,

ӯмочи тафсон маннам.

Гуфто ба Тактак Гандум:

–Эй нишони рӯзи шум!

Ҳар ҷо ки қаҳтӣ бошад,

Дони туро мепошад.

Ман ошаму ман нонам,

Ман неъмати деҳқонам.

Донаи ман заррин аст,

Ошу нонам ширин аст.

Дида баҳси онҳоро,

Деҳқон-амак бигуфто:

–Номи Талхак шавад гум,

Нишонаи рӯзи шум!

Нонаки тактакиро

Дигар набинам асло.

Шиками сери мардум,

Нонаку оши гандум.

Гандум фаровон шавад,

Олам гулистон шавад.

ДУ ПУНДОНА

Ду донаи пундона

Баромаданд аз хона.

Аз ҳама ҷудо шуданд,

Дар як ҷо баҷо шуданд.

Нарафта сӯйи майдон,

Нарафта сӯйи деҳқон

Бригадирро наёфта,

Агрономро накофта,

Дар пуштаки бошишгоҳ

Бихобиданд як бегоҳ.

Ба рӯшон борон борид,

Борони найсон борид,

Ду донаи ҳамсоя

Бисабзиданд якҷоя.

Намуданд онҳо гумон

Зиндагишон шуд осон.

Ҳар ду то охири сол

Сабзанд акнун бемалол.

Деҳқон наомад ин ҷо,

Оброн наомад ин ҷо.

Аз гармои тобистон

Зери офтоби сӯзон,

Тафсида ташна монданд,

Ҳар ду ҳам гушна монданд.

Аз назди онҳо Зафар,

Як рӯзе шуд раҳгузар.

Аҳволи онҳоро дид,

Ҳуш аз сараш парид.

Каландашро оварда,

Бехашонро нарм карда,

Бо сатилча ба онҳо

Даррав об доду ғизо…

Дар тирамоҳ, албатта,

Оранд як доман пахта.

ЛӮБИЁ ВА ҶУВОРӢ

Аз сари сол ду дона,

Гӯё шуданд ҳамхона.

Ҷуворию лӯбиё,

Сар кашиданд аз як ҷо.

Лӯбиёи ҷойдорӣ

Ба пояи ҷуворӣ

Часпида буд дудаста,

Қад мекашид пайваста.

Аз гӯши ӯ ҷуворӣ

Кашида, медод ёрӣ.

Ёри якдигар шуданд,

Ҳар ду баробар шуданд.

Қад кашида ба боло

Ҳосил оварданд онҳо.

Бе пуштибон лӯбиё

Ҳосил намедод асло.

ГУЛПАРВАРӢ

Намудем аз ҳар ҷо ғун,

Тухмиҳои гуногун.

Гули ошиқи печон,

Тоҷи хурӯсу райҳон.

Намозшому настаран,

Хайрии сурху савсан.

Дар ҷӯяҳои қатор

Коштем авали баҳор.

Гулҳоро кардем парво,

Шукуфтанд пешу қафо.

Гулгашти кӯчаи мо

Шуд кирои тамошо.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.