Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

КАДОМ ГУЛ ХУШБӮЙ?

Шабпарак, шабпарак,

Болҳоят бодпарак.

Ба дида хушнамо

Ба сони қаҳрабо.

Ба савсан, ба райҳон

Ба наргис, ба ҳолмон

Ба рӯи лолаҳо

Нишинӣ доимо.

Бигӯ, эй гулшинос,

Мекунам илтимос.

Кадом гул хушрӯяст,

Кадом гул хушбӯяст?.

БОЙЧЕЧАК

Гули хушрӯ, бойчечак,

Гули худрӯ, бойчечак.

Паёми навбаҳорӣ,

Ҳай зеби тоқӣ дорӣ.

Чинамат даста-даста,

Тозон барам ба раста,

Раста пури гул шавад,

Ҳар кас туро бибӯяд,

Биболаду бигӯяд:

Бӯйи бойчечак омад,

Тӯйи бойчечак омад.

ГУЛИ НАВРӮЗӢ

Гули наврӯзии ман,

Тоқии гулдӯзии ман.

Дар боғи мо бишкуфтаӣ,

Чун бахти фирӯзии ман.

Ҳастӣ навиди навбаҳор,

Зеби шукӯҳи марғзор.

Бигрифтаӣ, хуррам шуда,

Дашту даманро дар канор.

Ҳусни навӣ дар боғу роғ,

Гаштем аз ту хушдимоғ.

Мурғи саҳар омад зи дашт,

Акнун туро дорад суроғ.

Аз лутфи борони баҳор

Бошад туро авҷу барор.

Мо ғаллакорӣ мекунем,

Файзу фаровонӣ биёр.

Айёми фирӯз омада,

Дар иди наврӯз омада.

Рақсу ғазалхонӣ кунем,

Моҳи дилафрӯз омада.

СЕБАРГА

Себаргаҷон, себарга,

Дорӣ гулҳои ранга,

Баргони каб-кабудат

Метобад танга-танга.

Шарбати ширин дорӣ,

Шарбати доруворӣ.

Оруҳои асалро

Шарбатхӯрӣ меорӣ.

ГУЛИ ҚАНДАК

Гули қандак,

Гули қандак,

Гули хушрӯ,

Гули хушбӯ.

Ту, эй ору,

Марав ҳар сӯ,

Бишин андак

Сари қандак.

Барои мо

Аз он фардо

Намо тайёр

Асал бисёр.

ГУЛИ ҚОҚУ

Гули қоқу, гули қоқу,

Гули хушбӯ, гули хушрӯ.

Ба сар зебо лапар дорӣ,

Ба сар зебо лапар дорӣ,

Лапар не, тоҷи сар дорӣ.

Ба каф тоҷи туро монам,

Ба роҳи бод ҷунбонам.

Ба мисли болаки шаҳбоз

Кунад дар осмон парвоз.

Лапар бар сар гули қоқу,

Дур аз мо пар, гули қоқу.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.