МОҲИГИР
Марде тамоми умр бо пешаи моҳигирӣ баракати зиндагии хонадонашро таъмин мекард. Зану кӯдаконаш аз чизе камӣ надоштанд.
Рӯзе дар канори соҳил нишаста, тӯрашро ба дарё партофту пинак рафт. Баъди чанде сар бардошта тӯрро назар карда 3-4 моҳиро даруни он дид. «Кам аст», гуфту, сайдашро аз об нагирифта, дубора ба дарё партофту пинак рафт. Соате баъд тӯрашро аз нав хабар гирифт: 6-7 дона моҳӣ беқарорӣ доштанд. Қаноат накард.
– Каме дам мегирам, ҳамин ки бегоҳ шуд, якбора онро бо моҳии зиёд аз об гирифта ба хона бармегардам, - аз дил гузаронд моҳигир.
Бегоҳ шуд. Моҳигир хост тӯри пур аз моҳиашро аз дарё бардошта, ризқи фарзандонашро ба манзилаш бубарад. Аз тӯр дарак набуд: вазни моҳии бисёр тӯрро канда бурдааст.
Мард аз карда пушаймон шуда, бо сари хам ва дасти холӣ ба хона баргашт.
– Чӣ шуд? Чи ҳодиса рух дод? - пурсид ҳамсараш, ки бори нахуст ӯро бо дасти холӣ медид.
– Бисёр талаб макун, ба кам зор шавӣ, - гуфтаанд бузургон. Ман имрӯз ин пандро сарфи назар кардаму аз ёфта бенасиб мондам, - гуфт мард.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё