МЕВАИ БОВАРӢ
Як духтаре ба дарди сахте дучор шуда бистарӣ шуд. Каташро назди тиреза монда буданд ва духтарак аз он тиреза ба берун менигарист. Вай махсусан ба дарахти назди тирезааш чашм медӯхт.
Рӯзе аз хоҳараш пурсид:
— Апаҷон, дар ин дарахт чанд барг мондааст?.
Саволро фаҳмида аз чашмони хоҳараш ашк ҷорӣ шуд:
— Хоҳаракам чаро мепурсӣ?, - гуфт ӯ. Духтари бемор:
-- Медонам, ки умри ман замоне тамом мешавад, ки барги охирини ин дарахт афтад!
Хоҳараш табассум карду гуфт:
-- Пас, то он вақт расад, мо бояд аз зиндагӣ лаззат бубарем ва рӯзҳои худро зебо гузаронем.
Рӯзҳо мегузаштанд. Баргҳои дарахт паи ҳам рехтанду дар охир як барг монд.
Духтари бемор вақте ки дарахтро тамошо мекард, гумон мекард, ки имрӯз рӯзи охирини умраш аст, ки ин барги ягона вақте ки мерезад, умри ӯ ҳам ба охир мерасад.
Соатҳо, рӯзҳо, моҳҳо гузаштанд. Пас аз он боз зимистон, баҳору тобистон ва тирамоҳ омад.
Як сол гузашт. Аммо он барги ягона наафтид. Духтар бо хоҳараш шод буд.
Саломатиаш барқарор шудан гирифт. Рӯзҳо ва моҳҳо гузашту духтарак комилан шифо ёфт. Вай ба назди дарахт рафт, то барги мӯъҷизаеро, ки солҳо боз наафтида буд, даст дароз карда гирифт. Дид, ки барг аз пластмаса будааст. Хоҳараш онро сохта ба дарахт хуб часпонидааст...
Умед ва эътимод неъмати бузург аст. Умед ва боварӣ метавонад, мӯъҷизаҳои зиёдеро ба вуҷуд оварад. Дар дил ҳисси қаноатмандӣ ва хушнудиро ба вуҷуд биёрад. Агар гумони нек дошта бошем, агар имон биёварем, албатта, Худо барои мо хайре мехоҳад ва агар дар ҳақиқат ба Парвардигори худ таваккал кунем, корҳое низ рӯй медиҳанд, ки шояд ба назари мо ғайриимкон бошад.
Аллоҳ ҳамаи моро бандаҳои умедбахш ва орзуҳои моро амалӣ гардонад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё