Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·24 рӯз пешСуол

Сӯзишвории табиӣ чист?

Нафт, ангишт ва гази табиӣ аз ҷумлаи сӯзишвориҳои табиианд, зеро онҳо чандин миллион сол пеш аз боқимондаҳои рустаниҳо ва ҳайвоноти баҳрӣ ба вуҷуд омадаанд.

Ангишт аз дарахт ва рустаниҳои дигар, ки аз энергияи офтоб барои сабзиши худ истифода бурдаанд, ҳосил шудааст. Дарахтон ва рустаниҳо дар давоми ҳазорсолаҳо бо хок пӯшида шудаанд.

Ин хоку гил дар натиҷаи мунтазам афзудани зичиашон ба санг табдил ёфтаанд.

Дар зери фишори сангҳо рустаниҳои зери онҳо мунтазам сӯхта ба ангишт мубаддал мешаванд.

Нафт бошад, аз рустаниҳои хурд ва ҳайвонҳои зериобие ҳосил мешавад, ки пас аз марг дар қаъри баҳр боқӣ мондаанд. Дар қаъри баҳр онҳо зери рег ва гили ба санг табдилшуда монда, дар давоми миллионҳо сол ба нафт мубаддал мегарданд. Гази табиӣ низ аз ҳамин манбаъҳо пайдо шудааст ва дар қишрҳои бузурги кӯҳҳо, баъзан дар зери шахҳои қаъри баҳрҳо низ вомехӯрад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.