Неруи барқ чӣ тавр тақсим карда мешавад?
Неруи барқи аз генераторҳо ҳосилшуда тавассути симтанобҳои ғафс ба шабакаи электрикӣ интиқол дода мешавад, ки шиддати он ба 10 000 волт баробар аст. Аз ин ҷо ба воситаи трансформатор гузашта, шиддатро то ба 75 000 волт мерасонад. Баъд неруи барқ ба воситаи хатҳои электрикӣ ва симчӯбҳо ба маҳаллаву шаҳрҳо фиристода мешавад.
Қабл аз он ки неруи барқ ба ҷойҳои муайян интиқол дода шавад, аз истгоҳҳои трансформаторӣ мегузарад ва дар он неруи барқ ба миқдори зарурӣ паст карда мешавад. Барои хонаҳои иқоматӣ қувваи барқ 300 волт ва барои корхонаҳои на он қадар калон 10 000 ё 12 000 волт муқаррар шудааст.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё