Зеҳн
Дунё·Барномасоз·22 рӯз пешНашрия

Ду сураткаш

Ду сураткаш дар устодӣ ва санъаткорӣ бо ҳам мудом баҳс мекарданд. Сураткаши якум сурати як сар ангурро чунон устодона кашид, ки дар дидан аз ангури ҳақиқӣ ҳеҷ фарқ намекард.

Вақте ки он суратро ба шохи дарахте овехта монд, баъзе парандаҳо онро ангури ҳақиқӣ пиндошта, омада ба вай нӯл мезаданд. Сураткаш ин ҳолро ба рақиби худ нишон дода, баландии санъати худро исбот кард.

Сураткаши дуюм барои нишон додани санъаташ сураткаши якумро ба хонааш бурд ва пардаеро нишон дода гуфт:

— Санъатҳои ман дар пушти ҳамин парда истодаанд. Назар кун, меписандӣ ё не?

Сураткаши якум даст бурда, мехост пардаро бардорад, лекин дид, ки он парда набуда, сурати пардае будааст, ки дар девори хона моҳирона кашида шудааст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.