Ҳоҷа Ҳофиз ва хиштрез
Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе мегузашт. Дар паҳлуи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро ғалат-ғалат хонда истодааст. Ҳофиз андак гӯш доду баъд якбора хиштҳои рехтамондаи хиштрезро пахш карда гузаштан гирифт.
Хиштрез ӯро дида, тохта омаду аз гиребонаш гирифта, дашном дод:
— Магар чашмат кӯр аст, ки роҳро монда, аз болои хиштҳо меравӣ ва меҳнати маро барбод медиҳӣ?
Ҳофиз ҳам гиребони ӯро маҳкам ҷуфт карда гирифта, гуфт:
— Магар ту девонаӣ, ки шеърҳои хуни дил хӯрда навиштаи маро расво карда, ғалат мехонӣ?!
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё