Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·20 рӯз пешНашрия

Гармӣ дар хонаҳо тавассути гармидиҳандаи буғӣ чӣ тавр тақсим мешавад?

Дар қисми зиёди хонаҳои иқоматии имрӯза маркази гармидиҳӣ мавҷуд аст. Он аз дегҳое, ки дар онҳо об гарм мешавад, термостати танзимгари гармӣ ва радиаторҳо иборат аст.

Тақсимоти гармӣ ба хонаҳо ва утоқҳо ба тариқи зайл сурат мегирад:

1. Деги марказ обро аз 70 то 1000С гарм мекунад.

2. Оби гарм ба воситаи насос (обкашҳо)-ҳо ва лӯлаҳои обгузар ба радиаторҳои хонаҳо фиристода мешавад.

3. Гармии радиаторҳо ҳарорати хонаро муътадил менамояд.

4. Вақте ки фаъолияти дегҳои маркази гармидиҳӣ муддате қатъ мешавад, оби гарми радиаторҳо тадриҷан хунук мешавад.

5. Оби хунукшудаи радиатори хонаҳо ба воситаи лӯлаҳо боз ба маркази гармидиҳӣ бармегардад ва аз нав гарм шуда, такроран фиристода мешавад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.