Чаро ситораҳоро танҳо шаб мушоҳида мекунем?
Ҳангоме ки офтоб дар уфуқ пинҳон мешавад, шаб фаро мерасад ва дар пеши чашми мо манзараи мафтункунанда, яъне осмони ситоразор намудор мешавад.
Ҳамаи мо наззораи нуқтаҳои бешумори ҷилодиҳандаи осмон – ситораҳоро дӯст медорем. Дар назари аввал гумон меравад, ки агар онҳоро бишуморем, чандин ҳазоранд, вале дар асл шумораашон ба миллиард мерасад. Ба мисли он ки рӯшноии чароғи барқӣ ва ё керосинӣ рӯзона мушоҳада намешавад ва танҳо дар шаб аён мегардад, ситораҳо низ дар шаби торик ҷило медиҳанд, зеро рӯзона онҳоро шуоъҳои офтоб мепӯшонад. Ҳамин тариқ, агар дар осмон моҳи равшан низ бошад, ситораҳо он қадар хуб мушоҳида намешаванд.
Ситораи ягонае, ки рӯзона мо онро мебинем – Офтоб аст. Аммо Офтоб чунон ба Замин наздик аст, ки мо рост ба он нигоҳ карда наметавонем, зеро шиддати нурҳояш ба чашми одам зарар мерасонад. Офтоб ҳанӯз ситораи калонтарини Кайҳон нест ва нисбат ба ситораҳои дигар гармии афзун надорад. Аммо азбаски он ба Замин нисбатан наздиктар аст, ба назари мо аз ситораҳои дигар хеле калон метобад. Ситораҳо аз Замин дар масофаи ниҳоят дур воқеанд, аз ин рӯ ба назари мо хеле хурд метобанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё