Оё астраномия (нуҷум) ва астрология (ситорашиносӣ) ҳар ду як чизанд?
Астрономҳо (мунаҷҷимон) ситора ва сайёраҳоро таҳқиқ мекунанд. Онҳо ҳаракати ситораҳоро мушоҳида карда, хусусиятҳои ҳар кадомашонро нишон медиҳанд. Ба туфайли онҳо мо медонем, ки Роҳи Каҳкашон чист, дар Манзумаи Офтоб чанд сайёра ҳаст ва вазъҳои Моҳ кадомҳоянд. Астролог (ситорашиносон)- ҳо бошанд, ҳисоб мекунанд, ки ҳолати ситора ва сайёраҳо ба ҳаёти инсон чӣ гуна таъсир мерасонад. Мувофиқи андешаи ситорашиносҳо дар гунбази осмон дувоздаҳ бурҷ мавҷуд мебошанд, ки ба ҳаёт ва тақдири инсон бетаъсир намемонанд.
Ситорашиносҳо ин бурҷҳоро бурҷи дувоздаҳгона: Ҳамал (Барра), Савр (Гов), Ҷавзо (Дупайкар), Саратон (Харчанг), Асад (Шер), Сунбула (Хӯша), Мизон (Тарозу), Ақраб (Каждум), Қавс (Камон), Ҷаддй (Бузғола), Далв (Дӯл), Ҳут (Моҳӣ) номидаанд. Ҳар як бурҷ ба вақти муайяни моҳ мувофиқ аст. Ҳамин тавр, ба гуфтаи ситорашиносҳо далелҳои дар зери бурҷи алоҳида тавваллуд шудан ба шахсияти ҳар як кас таъсири муайян мерасонад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё