Галактика чист?
Галактика аз маҷмӯи миллиардҳо ситора, ғубори ситораҳо ва газҳо иборат аст. Ҳамаи инҳо дар фазои ягона ҷойгир шудаанд ва дар гирди меҳвар (марказ)-и умумиашон давр мезананд. Ин маҷмӯи ситораҳо аз газҳои ҳидроген, азоту карбон, силитсий ва шуоъҳои зиёде иборатанд.
Галактика чунон бузург аст, ки ҳаҷми онро муайян кардан аз имкон берун мебошад. Масалан, Офтоб яке аз ситораҳои хурдтарини галактикае мебошад, ки Роҳи Каҳкашон ном дорад.
Олимон то ҳанӯз муайян накардаанд, ки дар Дунё чӣ қадар галактика мавҷуд аст, аммо бовар доранд, ки шумораи онҳо аз миллиард ҳам зиёд аст ва ҳар яки ин галактика аз садҳҳо миллиард ситора иборат мебошад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё