Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·14 рӯз пешНашрия

НАФС – ЗАҲР

Се нафар бо ҳам дӯст буданд. Замоне расид, ки маҷбур шуданд, барои ба даст овардани сарват азми сафар кунанд. Рафтанд, рафтанд, гуруснаву ташна ба ҷое расида, дар сояи як дарахт дам гирифтанӣ шуданд. Нохост зери дарахт сӯрохие дида, нигоҳ карданд, ки дар он ҷо як хуме ҳаст. Онро кашида гирифтанд ва рӯи домони ҷомаашон холӣ карданд. Хум пур аз тилло будааст. Маслиҳат карданд, ки алҳол як нафарашон каме тилло гирифта, рафта аз бозор хӯрданӣ харида биёрад. Баъд бо шиками серу хотири ҷамъ тиллоро тақсим хоҳанд кард.

Як нафарашон, ки ҷавонтар буд, ба бозор рафту хӯрданӣ харид ва ин замон фикре ба сараш зада ба худ гуфт:

– Агар заҳр хараму ба хӯрданӣ андозам ва он ду нафар хӯранду бимиранд, ҳамаи тилло ба ман мемонад, тамоми умр мисли подшоҳ зиндагӣ мекунам.

Ин ду нафар, ки интизори хӯрок буданд, байни худ дигар хел маслиҳат карданд. Гуфтанд, ки се тақсим кардан чӣ лозим? Дар ҳоле ки метавонанд онро ду тақсим кунанд! Ҳамроҳашон баргардад, ӯро нест карда, тиллоро ду тақсим мекунанд.

Вақте ки он ҷавон баргашт, ӯро доштанд, сарашро бурида, ҷасадашро ба як хандак партофтанд. Ҳамин ки ба сари хӯрок нишастанд ва ҳанӯз ду-се луқма нахӯрда, дар ҷояшон мурданд.

Як хум тиллои сурхи сара дар сояи дарахт бесоҳиб монд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.