Зеҳн
Оё медонед·Барномасоз·14 рӯз пешНашрия

ОЁ МЕДОНЕД?

Муш ва харгўш дар як шабонарўз то бист маротиба хоб мекунанд. Баъзе навъҳои муши паррон дар як сол 320 рўз мехобанд.

***

Нуздаҳ дарёи Россия дарозии зиёда аз 2000 километр ва 26-тоашон дарозии зиёда аз 1000 километр доранд. Калонтарини онҳо дарёи Амур (дарозиаш 4444 км), Лена (4400 км), Енисей (4092 км), Об (3650 км), Волга (3135 км) ва Днепр (2201 км) аст. Дарозии умумии дарёҳои Россия 9 миллиону 648 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии сарфаи яксолаи об 4350 километри мукааб аст, ки ин 11,2 фоизи ҳаҷми сарфаи оби дарёҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад.

***

Грим Белл якумин одаме буд, ки соли 1876 бо телефон гап зад.

***

Олимон тахмин кардаанд, ки 3 соли умри одам дар бастани бандҳои пойафзол мегузарад.

***

Занбўр 2 меъда дорад, яке барои асал дигаре барои хўрок.

***

Шаршараи баландтарини ҷаҳон Анхел (дар Венесуэлаи Америкаи Ҷанубӣ) буда, 979 метр баландӣ дорад ва дар шохоби дарёи Каррао мерезад. Лётчики амрикоӣ Ҷ.Анхел соли 1935 ҳангоми ҷустуҷўи тиллою алмос шаршараи Анхелро кашф кард.

***

Кўли Гусгупдак (дар Ҷумҳурии Туркия) аз ҳама кўли шўртарини ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар як литр оби он 368 грамм намак вуҷуд дорад.

***

Аз ҳама ҳайвони овозбаланд кит аст, ки аз дурии 800 км овозашро шунидан мумкин.

***

Кўли Байкал (чуқурияш 1620 метр) чуқуртарин кўли ҷаҳон мебошад. Дарозии кўл 636 километр, бараш 79 км ва миқдори обаш 23 000 километри мукааб аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.