Зеҳн
Дунё·Зеҳн·12 рӯз пешНашрия

Саълабӣ

Саълабӣ шоире аз шуарои пойтахти Мансури халифа буд. Гуфт:

– Рӯзе қасидаи ғарро гуфтам ва ба умеди силаи куллӣ пеши халифа бурдам ва бар ӯ хондам ва дараҷаи қабул ёфт. Баъд аз он гуфт:

– Эй Саълабӣ, кадом дӯсттар дорӣ? Он ки туро сесад зари сурх диҳам ё се калимаи ҳикмат ба ту омӯзам, ки ҳар яке ба сад динор зари сурх арзад. Ман бинобар хушомад гуфтам:

– Ҳикмати боқӣ беҳ аз неъмати фонӣ.

Гуфт:

– Калимаи аввал он ки чун ҷомаи ту кӯҳна бошад, мӯзаи нав мапӯш, ки бад намояд.

Гуфтам:

– Ой, вовайло,ки сад динорам бисӯхт!

Халифа лаб ширин карду гуфт:

– Калимаи дуввум он ки чун равған дар риш молӣ, ба зери риш марасон, ки гиребонро чарб кунад.

Гуфтам:

– Дареғ, сад дареғ, ки дувист динорам зоеъ шуд. Халифа табассум карду гуфт:

– Калимаи саввум ...

Пеш аз он ки баён кунад гуфтам:

– Эй халифаи рӯзгор! Бар иззати Парвардигор ҳикмати саввумро захира нигаҳ дор ва сад динори боқиро ба ман деҳ, ки он маро ҳазор бор нофеътар аст аз ҳикмат шунидан.

Халифа бихандиду бифармуд, то понсад динор зари сурховарданд ва ба ман таслим карданд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.