ДАРСИ УСТОД БА ШОҲЗОДА
Фотеҳ Султон Маҳмад соли 1453 дар синни 21- солагӣ Истанбулро забт кардааст.
Дар айёми кӯдакӣ зимни дарсомӯзӣ нисбати устод беҳурматӣ мекард Устодаш Акшамсиддин бисёр нороҳат мешуд Ҳатто ба устодаш мегуфт:
- Ман фарзанди подшоҳам ва ту ба ман коре карда наметавонӣ. Устод низ аҳволро ба падари Маҳмад, Муроди дуюм намегуфт. Маҳмад аз беҳурматӣ кардан ҳам даст накашид.
Рӯзе устод Акшамсиддин назди Муроди дуюм рафт.
Муроди дуюм ба устод гуфт:
- Шарм макун. Он чӣ, ки ҳаст, бароям бигӯ.
Устод Акшамсиддин гуфт:
- Подшоҳам! Фарзандатон, ҷигарпораатон Маҳмад беодобӣ мекунад ва ман ҳам дар дарс додан мушкилӣ мекашам. Ҳар вақте ки сарзанишаш мекунам, аз номи шумо маро таҳдид мекунад.
Муроди дуюм ба устод наздиктар мешавад ва дар гӯшаш чанд сухане мегӯяд:
Устод аз шунидани суханҳои подшоҳ ба ҳайрат мемонад. Амалӣ кардани нақшаи гуфташуда ғайриимкон аст. Ба подшоҳ эътироз кард, аммо подшоҳ қабул накард.
Фардо дар дарс Маҳмад беодобӣ мекард. Устод ӯро сарзаниш кард ва Маҳмад чун ҳолати қаблӣ таҳдид намуд.
Дар ҳамин лаҳза подшоҳ вориди дарсхона мешавад. Устод ба тарафи подшоҳ фарёд зада, мегӯяд:
- Магар намедонӣ, ки бе иҷозат вориди синфхона шудан мумкин нест?
Устод ин суханро мегӯяду ба рӯи подшоҳ як шаппот мезанад ва ӯро аз синфхона пеш мекунад.
Подшоҳ бо сари хам аз синф берун мешавад.
Маҳмад ҳодисаро мебинаду ҳайрон мемонад ва нутқашро фурӯ мебарад. Падаре, ки эътимод мекард, шаппоте хӯрд ва ҳатто аз синф ронда шуд.
Подшоҳ дубора дарро тақ-тақ карда, иҷозат ва бахшиш пурсид ва сипас вориди синфхона шуд.
Баъди ин ҳодиса Фотеҳ Маҳмад дигар беодобӣ накард, зеро ба он кӯҳе бовар мекард, барф борид.
Ҳар фарде, ки набошем, дар таълиму тарбияи фарзандонамон бояд, ки диққати ҷиддӣ бидиҳем. Нагузорем, ки фарзандҳоямон моро аз устодашон баланд бидонанд. Фарзанд беодоб ва ё шӯхмиҷоз таваллуд намешавад, мо худ фарзандҳоямонро боодобу беадаб месозем. Фарзанд чун хишти хому тоза аст ва ҳар чӣ ба рӯяш афтад, тағйири шакл мекунад ва ба ҳамон шакл хушк мегардад ва дар деворсозӣ нақши лозимаро бозӣ карда наметавонад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё